27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
21.04.2026 16:46

Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт

Тибқи таҳқиқоти Nexign ва TelecomDaily, бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфта, ба 4,9 миллиард сомонӣ расид. Ба рушди бозор афзоиши шумораи муштариён, зиёд шудани трафики интернет ва густариши фарогирии шабакаҳои мобилӣ ва собит таъсир мерасонанд. Дар солҳои наздик омилҳои асосии рушди бозор тавсеаи минбаъдаи 4G ва ҷорӣ намудани 5G, рушди хизматрасониҳои B2B/B2G ва ташаккули самти дастрасии интернети фарохмаҷрои моҳворагӣ хоҳанд буд.

Ширкати Nexign ва агентии иттилоотию таҳлилии TelecomDaily таҳқиқоти бозори алоқаи Тоҷикистонро анҷом доданд. Бозор рушди устувори худро идома медиҳад: дар соли 2024 он ба андозаи 8,1% ва дар соли 2025 — 13,7% афзоиш ёфт. Суръати рушд дар ин ҷо аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст: бозори ҷаҳонӣ дар солҳои 2024–2025 ҳамагӣ ба ҳисоби миёна 2,5% дар як сол афзоиш ёфт (тибқи маълумоти TM Forum), дар ҳоле ки бозори алоқаи Россия соли гузашта ба 6,5% рушд кард.

Сатҳи паҳншавии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон нисбат ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ пасттар буда, тақрибан 74% (7,8 миллион муштарӣ аз 10,6 миллион нафар аҳолӣ) ташкил медиҳад. Бозор ҳанӯз ҳам дорои иқтидори муҳими афзоиши шумора мебошад, ки аз ҳисоби пайваст кардани муштариёни нав амалӣ мегардад. Операторҳо дар минтақаҳои деҳотӣ истгоҳҳои нави базавӣ насб мекунанд, навсозии шабакаҳои LTE ва афзоиши иқтидори онҳоро, асосан дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои калон, идома медиҳанд. Маҳз дар ҳамин минтақаҳо истифодабарии интернети мобилӣ ва хизматрасониҳои видеоӣ босуръат меафзояд ва талабот ба бастаҳои интернетии номаҳдуд ва калонҳаҷм зиёд мешавад.

Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии ҷорӣ намудани 5G қарор дорад: якчанд операторҳо аллакай истгоҳҳои базавии насли панҷумро ба кор андохтаанд, дар ҳоле ки дигарон инфрасохтори асосии шабака ва магистралии худро барои хизматрасониҳои ояндаи 5G навсозӣ мекунанд. Рушди ин самтро арзиши баланди таҷҳизот, маҳдудиятҳои спектр ва имкониятҳои молиявии операторон бозмедоранд.

То соли 2028, 4G технологияи бартаридошта боқӣ мемонад, дар ҳоле ки 5G интихобан – дар пойтахт, минтақаҳои тиҷоратӣ ва баъзе объектҳои корпоративӣ рушд хоҳад кард. Операторон бештар тарофаҳои баставӣ ва номаҳдуд, инчунин хизматрасониҳои рақамӣ (молиявӣ, фароғатӣ ва барои тиҷорати хурд) ҷорӣ мекунанд. Яке аз омилҳои муҳими афзоиши даромад самти B2B/B2G хоҳад буд – каналҳои устувори мобилӣ, VPN, ҳалҳои IoT/M2M ва хизматрасониҳо барои идоракунии инфрасохтор ва назорати видеоӣ.

Дар самти дастрасии фарохмаҷрои собит (ДФ) ивазкунии марҳилавии хатҳои кӯҳнашудаи мисӣ бо нахи оптикӣ дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо идома дошта, инфрасохтори ибтидоии FTTH (нахи оптикӣ то манзил) ташаккул меёбад. Бо вуҷуди ин, сифат ва дастрасии фарохмаҷрои ноқилӣ дар минтақаҳо нисбат ба шаҳрҳои калон ба таври назаррас пасттар мебошад. Дар шароити маҳдуд будани фарогирии нахи оптикӣ, операторон дастрасии собити бесимро (FWA) дар асоси 4G пеш мебаранд ва бисёр хонаводаҳо бастаҳои номаҳдуди мобилиро ҳамчун интернети асосӣ дар хона истифода мебаранд.

Дар солҳои наздик густариши суст, вале устувори FTTH дар шаҳрҳо ва минтақаҳои зичаҳолӣ пешбинӣ мешавад, бо тадриҷан аз истифода баровардани шабакаҳои DSL ва мисӣ. Тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ талаботи баландтар ба сифати каналҳо, VPN ва хатҳои ҷудошуда пеш мегузоранд ва нақши хизматрасониҳои собити корпоративӣ дар даромади операторон афзоиш меёбад.

Рӯйдоди муҳими соҳа имзои созишномаи иҷозатномавӣ (литсензионӣ) бо Starlink Tajikistan дар форуми «Dushanbe Invest-2025» гардид. Дар натиҷа самти нав — интернети фарохмаҷрои моҳворагӣ пайдо мешавад, ки пеш аз ҳама ба минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ нигаронида шудааст, ки сохтмони инфрасохтори заминӣ дар он ҷо душвор ва гарон аст.

Тибқи арзёбии таҳлилгарони Nexign ва TelecomDaily, дар солҳои 2026–2028 бозори алоқаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна солона 7,9% афзоиш хоҳад ёфт ва то 6,15 миллиард сомонӣ мерасад.

«Дар бозори алоқаи Тоҷикистон иқтидори назарраси рушд боқӣ мемонад. Аз як тараф, сатҳи фарогирии хизматрасониҳо ҳанӯз ба сатҳи пурра нарасидааст, аз тарафи дигар 5G ва интернети моҳворагӣ барои ба кор андохтан омода шуда истодаанд ва талаботи истифодабарандагон ба суръати шабака ва сифати хизматрасонӣ афзоиш меёбад. Барои операторон ин як ҳолати нодир аст, ки ҳамзамон метавонанд манбаи муштариёнро васеъ намоянд ва аз маҳсулоти мураккабтар — аз пешниҳодҳои баставӣ то ҳалҳои B2B ва дастрасии гибридӣ — даромад ба даст оранд. Барои фаъолияти самаранок дар чунин шароит ба операторон платформаҳои муосири ба даромад табдилдиҳии хизматрасониҳо лозиманд, ки имкон медиҳанд, ки дар як система хизматрасониҳои гуногунро идора кунанд. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулотҳои нав зуд омода ва ба бозор бароварда шаванд, тарофаҳо дақиқтар ба самтҳои гуногун мутобиқ карда шаванд ва даромад дар вақти воқеӣ идора карда шавад», — шарҳ медиҳад Сергей Карпов, муовини якуми директори генералии Nexign.

Маълумоти бештар дар бораи нишондиҳандаҳои бозори алоқаи Тоҷикистон дар саҳифаи таҳқиқот дастрас аст.

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.