Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “То замоне, ки тавофуқ ҳосил нашавад, муҳосираи бандарҳои Эрон лағв нахоҳад шуд”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълом кардааст, ки то замони ниҳоӣ шудани тавофуқ бо Эрон, муҳосираи бандарҳои ин кишварро лағв нахоҳад кард.
“Ал-Ҷазира” рӯзи душанбе, 20-уми апрел, гузориш додааст, ки Трамп бо ишора ба идомаи муҳосираи бандарҳои Эрон, аз идомаи фишорҳои иқтисодӣ дар ин кишвар сухан гуфтааст.
Трамп гуфтааст: “Муҳосира то замоне, ки тавофуқ сурат нагирад идома хоҳад дошт. Он ба таври комил дар ҳоли нобуд кардани Эрон аст”.
Ӯ муддаӣ шудааст, ки Эрон рӯзона ҳудуди 500 миллион доллар хисороти иқтисодӣ хоҳад дид ва ин вазъиятро “нопойдор” хондааст.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пештар Трамп гуфта буд, тавофуқнома бо Эрон “имрӯз” имзо хоҳад шуд ва ҳайати амрикоӣ барои даври дувуми музокирот дар масири Исломобод қарор доранд.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфтааст, ки ба Амрико эътимод надорад ва “мардуми Эрон зери бори зӯр намераванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”