Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хонандаи мактаби пойтахт ҷавондухтареро аз худкушӣ наҷот дод
Хонандаи синфи 11-и МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ Мардиктоев Раҳматулло як ҷавондухтарро, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот дод.
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шоми 19-уми апрел, тахминан соати 21:00 дар қисмати зери пули наздикии собиқ бозори «Султони Кабир» як ҷавондухтари сокини пойтахт бо нияти худкушӣ кардан худро ба дарёи Душанбе партофтааст.
Дар ин росто, Мардиктоев Раҳматулло, хонандаи синфи 11-и МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷавондухтар ёрии таъҷилӣ расонидааст. Ҷавондухтар аз об бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии «Беморхонаи Истиқлол» интиқол дода шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ба Мардиктоев Раҳматулло барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва наҷоти ҷавондухтар изҳори миннатдорӣ намуда, бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии ҷавондухтар таҳти назорати табибон қарор дошта, аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷиши ҳолати мазкур идома дорад. Сабаби даст задан ба чунин амал муноқишаи оилавӣ арзёбӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”