Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ғолиби Озмуни «Хонандаи сол – 2025» қадрдонӣ шуд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори фарҳангии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим”-и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабине баргузор намуда, ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имрӯз гузаронида шуданд, қадрдонӣ кард.
Дар чорабинии мазкур ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» аз ноҳияи Сино Нушофарин Раҷабзода қадрдонӣ шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба Нушофарин Раҷабзода Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол – 2025» 6-ум ва 7-уми апрели равон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардида буд. Дар рӯзи якуми озмун аз иштирокчиён корҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гирифта шуда, дар рӯзи дуюми озмун бошад, дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявии хонандагон баҳогузорӣ гардид.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур арбобони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”