27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
20.04.2026 08:20

Пентагон: “Баррасии тоза дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба зудӣ ниҳоӣ мешавад”

Вазорати ҷанги Амрико эълом кардааст, ки баррасии тоза дар бораи дуруст ё нодуруст будани тасмими хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон дар моҳҳои оянда ниҳоӣ хоҳад шуд.

Рӯзномаи ҳарбии амрикоии “Старс анд Страйпс” (Stars and Stripes) рӯзи якшанбе, 19-уми апрел ба нақл аз Пентагон гузориш дода, ки як гурӯҳи вижа дар ин вазорат бо номи “Панели баррасии вижаи хуруҷ аз Афғонистон” таҳқиқоти худро тақрибан такмил карда ва қарор аст гузориши ниҳоии он ба зудӣ нашр шавад.

Бар асоси гузориш, ин гурӯҳи корӣ ба дастури Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико дар соли гузашта барои баррасии равандии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар августи 2021 ташкил шудааст.

Дар ҷараёни ин раванд, 13 сарбози амрикоӣ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар майдони ҳавоии Кобул кушта шуданд.

Сухангӯи Пентагон гуфта, ки ин гурӯҳи корӣ то кунун беш аз нуҳ миллион санадро аз ниҳодҳои мухталиф баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, гузориши ниҳоии ин баррасӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз такрори “иштибоҳҳои гузашта” аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, тавофуқи соли 2020 миёни Амрико ва гурӯҳи террористии Толибон, ки дар давраи нахустини раёсати ҷумҳури Доналд Трамп имзо шуда буд, бар раванди тасмимгириҳо ва хуруҷи неруҳо таъсири мустақим доштааст.

Тибқи гузориш, ҳамчунин, дар баррасиҳои қаблӣ, ҳам давлати Трамп ва ҳам давлати Ҷо Байден ба навъе дар паёмадҳои хуруҷ ва суқути ҳукумати пешини Афғонистон масъул дониста шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.