Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Рақамикунонии МОИ-и Тоҷикистон: қадами устувор ба сӯи иқтисоди рақобатпазир
Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон, ки ахиран дар як чорабинии расмӣ муаррифӣ шуд, қадами муҳимми стратегӣ барои мутобиқшавии кишвар ба иқтисоди ҷаҳонии муосир арзёбӣ мегардад. Ин хулоса аз нишасти 14-уми апрел, ки бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ВАО ва коршиносони байналмилалӣ дар Душанбе баргузор гардид, бароварда шуд.
Лоиҳаи “Гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низоми рақамӣ” дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО), ки бо маблағгузории Ҳукумати Русия амалӣ мешавад, ба митақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳадафи таъсиси пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ - “Равзанаи ягона”-ро дорад. Ин платформа ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ имконият медиҳад, ки тамоми равандҳои марбут ба фаъолияти худро, аз интихоби ҷойи мувофиқ то ҳуҷҷатгузориҳои дигар дар МОИ ба таври онлайн анҷом диҳанд.
Дар ҷараёни муаррифӣ, Сарвиноз Ҷунайдова, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи “Гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низоми рақамӣ” таъкид кард, ки рақамикунонӣ метавонад расмиёти маъмуриро ба таври назаррас сода гардонад. Ба гуфтаи ӯ, “Равзанаи ягона” барои соҳибкорон шароит фароҳам меорад, ки бидуни муроҷиат ба идораҳои сершумор, дархост пешниҳод намуда, иҷозатнома ва имтиёзҳоро дастрас кунанд.
Ҳамчунин, Манучеҳра Мадҷон, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба нақши калидии технологияҳои муосир дар ҷалби сармоя ишора кард. Ӯ зикр намуд, ки муаррифии иқтидори саноатии кишвар бе истифодаи абзорҳои рақамӣ амалан ғайриимкон аст. Ба гуфтаи ӯ ин платформаи “Равзанаи ягона” дар баробари осон намудани таъсиси ширкат дар ҳудуди МОИ дар рушди минбаъдаи он низ мусоидат менамояд.
Аҳамияти рақамикунонӣ барои МОИ Тоҷикистон
Коршиносони иқтисодӣ бар инанд, ки рақамикунонии МОИ дар тағйири куллии модели идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Яъне моҳияти ин раванд дар таъсиси “Равзанаи ягона” ифода меёбад - механизме, ки тамоми амалиётро аз пешниҳоди дархост то гирифтани иҷозатнома ба фазои онлайн мегузаронад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ, чунин тағйирот ба коҳиши бюрократия, сарфаи вақт ва кам шудани хавфҳои коррупсионӣ оварда мерасонад. Муҳимтар аз ҳама, он сатҳи шаффофият ва эътимоди сармоягузоронро боло мебарад. Яъне барои рушди устувори иқтисоди калидӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи байналмилалӣ
Аҳамияти рақамикунонӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ низ тасдиқ шудааст. Масалан, дар кишварҳои мухталиф истифодаи технологияҳои рақамӣ ба оптимизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, коҳиши хароҷот ва беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат кардааст. Дар МОИ платформаҳои рақамӣ дар баробари беҳтар намудани идоракунии дохилӣ, ҳамчунин, ба рушди логистика, нархгузорӣ ва тиҷорати электронӣ низ таъсири мусбат расонидаанд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад як муҳаррики рушди иқтисодӣ гардад. Хусусан барои Тоҷикистон, ки дар марҳилаи ҷалби сармоя ва саноатикунонӣ қарор дорад, истифодаи чунин модел метавонад имкониятҳои навро боз кунад.
Имкониятҳо барои Тоҷикистон
Аз назари коршиносон татбиқи низоми рақамӣ дар МОИ-и Тоҷикистон, як қатор бартариҳои калидро ба миён меорад:
- беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ тавассути дастрасии осон ба маълумот ва коҳиши монеаҳои маъмурӣ;
- рушди тиҷорати электронӣ ва баромади соҳибкорон ба бозорҳои васеътар;
- шаффоф ва рақобатпазир гардидани нархгузорӣ;
- такмили логистика ва занҷираи таъминот;
- эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва воридшавии технологияҳои нав.
Мушкилоти эҳтимолӣ
Аз нуқтаи назари сиёсати давлатӣ, рақамикунонӣ як воситаи муҳим барои гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон кӯшиш дорад, ба талаботи иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ мутобиқ шавад.
Бо вуҷуди ин, коршиносон аз баъзе чолишҳо низ ёдовар мешаванд: норасоии кадрҳои баландихтисос, зарурати рушди инфрасохтори рақамӣ ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ. Аммо таҷрибаи кишварҳои дигар собит мекунад, ки дар сурати идоракунии дуруст, ин мушкилоҳо бартараф мешаванд.
Дар маҷмуъ, рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад ба як омили калидии рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбад. Ин раванд на танҳо шаффофият ва самаранокиро зиёд мекунад, балки барои ҷалби сармоя, рушди тиҷорати электронӣ ва воридшавии технологияҳои пешрафта замина фароҳам меорад.
Агар ин барнома бо стратегия ва татбиқи пайваста амалӣ гардад, Тоҷикистон метавонад дар оянда мавқеи худро ҳамчун як маркази рақобатпазири иқтисодӣ дар минтақа мустаҳкам намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”