Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қолибоф: “Трамп дар як соат ҳафт иддаои дурӯғ матраҳ кард”
Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон, иддаоҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро инкор кард ва гуфт, ки бо дурӯғгӯӣ дар ҷанг пирӯзӣ ғайриимкон аст ва дар музокира низ роҳе ба ҷое нахоҳад бурд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон Қолибоф имрӯз, 18-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Раиси ҷумҳури Амрико дар як соат ҳафт иддао матраҳ кард, ки ҳамаи онҳо дурӯғ аст”.
Раиси Маҷлиси Шурои Исломӣ таъкид кард: “Бо ин дурӯғгӯиҳо дар ҷанг пирӯз нашуданд ва ҳатман дар музокира ҳам роҳ ба ҷое нахоҳанд бурд”.
Вай ҳамчунин, бо баёни ин ки “бо идомаи муҳосира, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад монд” афзуд: “Убур ва мурур дар тангаи Ҳурмуз бар асоси “масири таъйиншуда” ва бо “иҷозатномаи Эрон” анҷом хоҳад шуд”.
Қолибоф хотирнишон кард: “Боз ё баста будани танга ва муқаррароти ҳоким бар онро майдон мушаххас мекунад, на шабакаҳои иҷтимоӣ”.
Раиси Маҷлиси Шурои Исломӣ дар бахши дигари паёми худ навишт: “Ҷанги расонаӣ ва муҳандисии афкори умумӣ бахши муҳимми ҷанг аст ва миллати Эрон таҳти таъсири ин тардастиҳо қарор намегирад. Ахбори воқеӣ ва дақиқи музокиротро дар мусоҳибаи ахири сухангӯи Вазорати хориҷа бихонед”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”