27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
18.04.2026 10:13

"Симои фарҳангии кишварро муаррифӣ менамояд". Паёми табрикотии Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи пойтахти табрик намуд.

"Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи пойтахт - шаҳри зебо ва файзбахши Душанбе самимона табрик мегӯям", - зикр мегардад дар паёми табрикотии раиси шаҳр.

Рустами Эмомалӣ дар паёми табрикотиаш таъкид кардааст, ки Душанбе на танҳо пойтахт, балки маркази идорӣ, муҳаррику такягоҳи асосии рушди устувор, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад.

"Ин маркази умеди тоҷикони ҷаҳон бо роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои сокинони фаъолу худогоҳ имрӯз ҳамчун шаҳри муосир, амн ва дар ҳоли рушд, мавқеи худро дар миёни пойтахтҳои минтақа ва ҷаҳон устувор гардонида, ба макони мусоиди зиндагӣ ва фаъолияти созанда табдил ёфтааст", - афзуда мешавад.

Таъкид мегардад, ки даҳ соли охир тавассути амалисозии босамари барномаҳои шаҳрсозӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологӣ, мо шоҳиди ташаккули муҳити муосири шаҳрсозӣ, болоравии сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани сифати зиндагии сокинони пойтахт гардида истодаем.

"Имрӯз Душанбе рисолати муҳимми фарҳангиву маънавиро низ ба дӯш дошта, ба маркази табодули андешаҳо, рушди илму маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфта, симои фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд", - зикр мегардад дар паёми табрикотии шаҳрдор.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.