Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Асадуллоев медали тилло ва Маҳмадбеков медали нуқра ба даст оварданд
Имрӯз, 17-уми апрел ду варзишгари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо сазовори ду медал гаштанд.
Ҷудокори шинохтаи тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг баргузор намуда, соҳиби медали тилло шуд. Номбурда се ҷудокорро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ бо намояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб Маҳмадбек Маҳмадбеков рақобат карда, ғолиб омад.
Ҳамчунин, дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Сомон Маҳмадбеков медали нуқра ба даст овард.
Гуфта мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг баромад карда, дар мусобиқаи мазкур ду рақибашро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ аз намояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб Ҳоҷимурод Умаров шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло, Обид Ҷебов медали нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад