Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тилло, нуқра ва биринҷӣ. Дастоварди варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо
Дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, ҷудокорони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ва Мадина Қурбонзода се медал ба даст оварданд.
Дар вазни то 66 кг ду намояндаи Тоқикистон Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои медали тилло рақобат карданд. Дар ин финали тоҷикӣ Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб шуду Обид Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил гардид.
Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм намояндаи Муғулистон Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, дар даври нимниҳоӣ Хуэ Зиянг аз Чинро шикаст дод.
Обид Ҷебов то роҳ ёфтан ба финал Ри Кум Сонг аз Кореяи Шимолӣ, Зардии Казирбек аз Муғулистон ва Kим Чаннйонг аз Кореяи Ҷанубиро мағлуб кард.
Ҳамчунин, дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид.
Бояд гуфт, ки Мадина Қурбонзода дар даври аввал намояндаи Ҳонконг Лау Вай Сум, дар даври чаҳорякниҳоӣ намояндаи Ҳиндустон Чопад Шраддха Кадубалро шикаст дод. Дар даври нимниҳоӣ аз намояндаи Муғулистон Мягмарсурен Нандин-Эрдэнэ шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ ҷудокори Ҳонконги Чин Тсуи Шукро мағлуб кард ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”