Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
«Сайри шомгоҳии Душанбе». Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳӣ ташкил мешавад
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз 17-ум то 19-уми апрел барои сокинону меҳмонон хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад.
Бинобар иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хатсайр аз соати 19:00 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ҳадафи асосии он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, баланд бардоштани ҷолибияти пойтахт барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани фароғати фарҳангӣ барои сокинон мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин хатсайри шомгоҳӣ иштирокчиён имкон доранд бо мавзеъҳои зебоманзар, иншооти муосир, марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос шаванд
Афзуда мешавад, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии мазкур номнавис намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”