Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хокбориш ва сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар рӯзҳои оянда хокбориш ва омадани сел пешгӯӣ мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, 17-18-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд бо сабаби воридшавии хокбориш аз самти минтақаҳои шимолу ғарбӣ, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки 17-18-уми апрел бо сабаби ба амал омадани боришот, дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мегардад.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки 17-уми апрел бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”