Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хабаргузории ТАСС: Трамп хоҳони поёни ҳарчи зудтари ҷанг бо Эрон аст
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфта, ки хоҳони поёни ҳарчи зудтари ҷанг бо Эрон аст.
Хабаргузории ТАСС, субҳи панҷшанбе, 16-уми апрел гузориш дода, ки Трамп ин мавзуъро дар ҷараёни як зиёфати хусусӣ бо шоҳ Виллем-Александр ва маликаи Ҳолланд матраҳ карда аст.
Бар асоси гузориш, Трамп ҳамчунин, гуфта, ки муътақид аст танҳо роҳи бозгардондани Эрон ба мизи музокира, афзоиши фишор бар ин кишвар аст.
Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар 28-уми феврал алайҳи Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом доданд ва дар 7-уми апрел Амрико оташбаси дуҳафтаина бо Эронро эълом кард.
Ҳамчунин, Эрон ва Амрико дар 11-уми апрел як даври гуфтугӯ дар Исломобод баргузор карданд, ки ба гуфтаи ду тараф, ба далели ихтилофот ба тавофуқи ниҳоӣ нарасиданд.
Даври ҷадиди музокирот то кунун мушаххас нест, ки баргузор хоҳад шуд ё не, аммо мақомҳои амрикоӣ мегӯянд эҳтимоли азсаргирии гуфтугӯҳо дар Исломобод дар рӯзҳои оянда вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”