Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кэролайн Левитт: “Музокирот бо Эрон созанда аст”
Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки гуфтугӯҳои Иёлоти Муттаҳида бо Эрон вориди марҳилаи созанда шуда ва раванди музокирот идома дорад.
Левитт рӯзи чоршанбе, 15-уми апрел дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки Покистон нақши миёнҷиро дар ин раванд бар уҳда дорад ва ба унвони шабакаи аслии иртиботӣ миёни ду тараф амал мекунад.
Ӯ дар айни ҳол гузоришҳоеро, ки аз дархости Амрико барои тамдиди оташбас нашр шуда буд, рад карда ва онро нодуруст хондааст.
Левитт афзудааст, ки Вашингтон иҷрои комили муҳосираи дарёӣ алайҳи Эронро идома медиҳад ва бар ҳаргуна тараддуди киштиҳо бо мақсади муҳосираи бандарҳои Эрон назорат дорад.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми низомии Исроил гуфта, ки Тел-Авив раванди музокиротро зери назар дорад, аммо дар сурати ниёз омода аст амалиёти низомиро басуръат аз сар бигирад.
Ҳамзамон, ду мақоми амрикоӣ аз пешрафт дар музокироти рӯзи гузашта миёни Вашингтон ва Теҳрон хабар додаанд ва гуфтаанд ин пешрафт метавонад заминаро барои як тавофуқи ибтидоӣ ҷиҳати поён додан ба даргириҳо фароҳам кунад.
Дар ҳамин ҳол, миёнҷиҳо аз Покистон, Миср ва Туркия дар талошанд ихтилофҳои боқимондаро коҳиш диҳанд, то пеш аз поёни муҳлати оташбаси муваққат дар 21-уми апрел, тавофуқе ҳосил шавад.
Вашингтон ҳамзамон эълом кардааст, ки даври баъдии ин гуфтугӯҳо эҳтимолан дар Исломобод баргузор хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”