Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Иқдомҳои таҳрикомези Амрико дар Ҳурмуз паёмадҳои хатарнок дорад”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо Ванг И, вазири корҳои хориҷаи Чин, нисбат ба паёмадҳои иқдомҳои таҳрикомези Амрико дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ҳушдор додааст.
Хабаргузории ИСНО рӯзи чоршанбе, 15-уми апрел гузориш дода, ки ин гуфтугӯи телефонӣ миёни ду мақом рӯзи чоршанбе анҷом шуда ва дар он, тарафи эронӣ нигаронии худро аз таҳаррукоти низомии Амрико дар масирҳои дарёии ҳаётии минтақа матраҳ кардааст.
Ироқчӣ гуфтааст, ки ҳузури неруҳои Амрико дар ин мантақа метавонад вазъияти минтақаро печидатар карда ва таҳдиди мустақим барои субот ба шумор меравад.
Ванг И аз муқовимати мардуми Эрон дар ҷараёни даргириҳо тамҷид карда ва бар ҳимояти Чин аз талошҳои дипломатӣ таъкид кардааст.
Вазири хориҷаи Чин ҳамчунин, омодагии Пекинро барои кумак ба пешбурди гуфтугӯҳо ва поён додан ба танишҳо эълом кардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз афзоиш ёфта ва нигарониҳо дар бораи густариши даргириҳо дар минтақа боло гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”