Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Гумонбар ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ гирифтани қарз дастгир шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгир кардани як сокини пойтахт хабар дод, ки ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ гирифтани қарз гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки манбаъ навиштааст, санҷишҳои пешакӣ муайян карданд, ки Маҳмадшокирзода Бахтовар, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти чопии компютерӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи (патенти) соҳибкории инфиродиро омода сохта, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ карда, аз бонкҳо ғайриқонунӣ қарз гирифтааст. Танҳо аз як бонк 175 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст овардааст.
Афзуда мешавад, ки номбурда бо мақсади пинҳон намудани кирдорҳои ҷиноятии худ панҷ маротиба бо роҳи сохтакорӣ ному насабашро иваз кардааст.
“Инчунин, муайян гардид, ки ӯ аз чанд шаҳрванд бо баҳонаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, уҳдадориҳои худро иҷро накарда, онҳоро фиреб додааст”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”