Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ворид гардид
Тавре ки Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 14-уми апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ситоди даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Зимни ҷаласа низоми нави бақайдгирии ғолибони даврҳои дуюм ва сеюм тавассути Портали электронии Вазорати маориф ва илм муаррифӣ ва тасдиқ гардид, ки ба таъмини шаффофият ва рақамисозии раванд мусоидат менамояд.
“Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тайи шаш соли охир ба як платформаи муҳим дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушди тафаккури илмӣ табдил ёфтааст. Иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон, пажӯҳишгарон ва намояндагони касбу кори гуногун гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба илм ва таҳқиқот мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки барои такмили раванди баргузории озмун ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир номинатсияи нави «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ворид гардида, инчунин, ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”