Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ғолиби CAFA гардид
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) 10 имтиёз ба даст оварда, ғолиб гардид.
Футболбозони навраси Тоҷикистон дар доираи даври охири мусобиқаи мазкур бо ҳамсолони худ аз Узбекистон рақобат карда, бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон бо ҷоизаҳои инфиродӣ сарфароз шуданд. Биҳиштӣ Раҷабзод ҷоизаи "Бозигари муфидтарин" (MVP)-ро ба даст оварду Сиёвуш Назаров бо задани чор гол беҳтарин нишонзан эътироф гардид.
Гуфта мешавад, ки натиҷаи бадастовардаи тими миллии наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур назаррас аст. Футболбозони тоҷик Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”