Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ошкор шудани 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкор кардани 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки дар се моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба волидон тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
"Барои ба ҳар шакле монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, чунин кирдор бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, РВКД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, волидон бояд ба таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намуда, барои таҳсили онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”