Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сектори хусусии Афғонистон ва Ӯзбекистон ба арзиши 520 миллион доллар тафоҳумномаи тиҷорӣ имзо карданд
Вазорати саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористи Толибон мегӯяд, ки сектори хусусии Афғонистон ва Ӯзбекистон тафоҳумномаи тиҷорӣ ба арзиши 520 миллион доллар имзо кардаанд.
Ин вазорат рӯзи душанбе, 13-уми апрел дар хабарномае гуфта, ки ин тафоҳумнома миёни сектори хусусии Афғонистон ва вилояти Андиҷони Ӯзбекистон имзо шудааст.
Бар асоси хабарнома, ин тафоҳумнома дар самтҳои таъсиси корхонаи оҳангудозӣ ва коркарди пахта, истеҳсоли семент дар Афғонистон, истеҳсоли тухми бордоршуда ва мурғҳои зотӣ дар ин кишвар, содироти ангишти Афғонистон ба Ӯзбекистон ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ба имзо расидааст.
Ин тафоҳумномаҳо дар ҳузури Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон ва Шуҳратбек Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон имзо шудааст.
Пеш аз ин низ сектори хусусии Ӯзбекистон ва Афғонистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 514 миллион доллар имзо карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”