Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Соҳили дарёҳои Кофарниҳон ва Чангоб тоза карда шуданд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соҳили дарёи Кофарниҳон ва соҳили дарёи Чангоби Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил»-ро баргузор кард.
Тавре ки манбаъ навиштааст, аксияи экологӣ бо номи «Тозагии соҳил» ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» доир гардид.
Гуфта мешавад, ки нахуст дар доираи аксияи мазкур соҳили дарёи Кофарниҳон аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ пурра тоза гардида, дар маҷмуъ, беш аз 20 м³ партов ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар аксияи экологии «Тозагии соҳил» дар шаҳри Ҳисор соҳили дарёи Чангоб тоза гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар соҳили дарёи Чангоб 12,4 метри мукааб партов ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”