Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Песков: “Сулҳи пойдор бо Украина замоне барқарор мешавад, ки манофеи Русия бароварда шавад”
Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремлин эълом кардааст, ки Русия хоҳони сулҳи пойдор бо Украина аст ва ин сулҳ замоне барқарор хоҳад шуд, ки манофеи ин кишвар бароварда шуда ва ҳадафи “амалиёти вижаи низомии Русия” татбиқ шавад.
Песков рӯзи якшанбе, 12-уми апрел дар мусоҳиба бо шабакаи “Вести” гуфта, ки украиниҳо пешниҳоди таваққуфи ҳамлаҳоро матраҳ кардаанд, аммо масъала сода аст ва Русия танҳо пас аз ба даст овардани манофеъ ва татбиқи аҳдофи худ ба дунболи сулҳи пойдор аст.
Сухангӯи Кремлин афзуда, ки ҳадафи амалиёти вижа аз ибтидо мушаххас буда ва ҳамчунон дунбол мешавад ва тағйироте дар мавозеи Русия эҷод нашудааст.
Даргириҳои Русия ва Украина аз феврали соли 2022 вориди марҳилаи густурдаи низомӣ шуда ва аз он замон то кунун, пешниҳодҳо ва талошҳои пайваста барои барқарории оташбас ироа шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад