Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ёсин Зиё: “Ба ҳамлаҳо алайҳи Толибон идома хоҳем дод”
Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон, гуфтааст, ки ҳамлаҳои онҳо алайҳи Толибон “ба ҳар қимате ки бошад” идома хоҳад ёфт.
Зиё рӯзи якшанбе, 12-уми апрел дар як навори тасвирӣ гуфтааст, ки ваҳдат миёни неруҳои зиддитолиб ҳаётӣ аст ва агар ҳамаи неруҳо дар канори якдигар қарор бигиранд, метавонанд ҷилави ранҷи мардуми кишвар, боздоштҳои худсарона ва қонунҳои маҳдудкунандаи ин гурӯҳ, ба вижа алайҳи занонро бигиранд.
Раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар ин навори тасвирӣ аз мардум хостааст, то тафриқаро канор гузошта ва бо ҳам муттаҳид шаванд.
Ӯ таъкид кардааст: “Мо на ба дастури кишваре истодаем, ки ҳоло ба дастури касе идома диҳем ё мутаваққиф шавем. Мо маҷмуае аз мардуми озодихоҳи ин сарзамин ҳастем, ки барои иззат, мардум ва дини худ истодаем”.
Зиё бо ишора ба вазъияти занони Афғонистон гуфта, ки муборизаи занон дар кишвар мутафовит ва душвортар аз дигар кишварҳост, зеро онҳо дар чандин майдони набард қарор доранд.
Ӯ афзудааст, ки дар бисёре кишварҳо агар мардон дар канори занон набошанд, ҳадди ақал дар баробари онҳо қарор намегиранд, аммо дар Афғонистон чунин нест.
Раҳбари Ҷабҳаи озодӣ ҳамчунин, гуфта, Толибон тавонистаанд бештарин маҳдудиятҳоро алайҳи занон ҷорӣ кунанд ва амалкарди ин гурӯҳ нишон медиҳад, ки сиёсатҳояшон амалан бар саркӯби занон мутамарказ аст.
Ӯ бо ишора ба ҳамлаи мусаллаҳонаи ахир бар таҷаммуи шиъаён дар Ҳирот гуфтааст, ки Толибон ҳамвора муддаии таъмини амният будаанд, аммо тавони дифоъ надоранд ва тамоми фармонҳояшон фақат алайҳи занон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”