Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нақшаи даъват ба Артиш дар даҳ рӯз зиёда аз 80 фоиз иҷро гардид
Тавре ки раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, давоми даҳ рӯзи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъват дар кишвар 80,1 фоизро ташкил медиҳад.
Манбаъ меафзояд, ки дар даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 96,2 фоизро ташкил намуда, сафарбарӣ ба қисмҳои низомӣ идома дорад. Аммо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ин маъракаи сиёсӣ хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода буд, ки нақшаи даъват пурра иҷро гардидааст.
Гуфта мешавад, ки иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 57,5 фоиз баробар буда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68,3 фоиз иҷро шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”