Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Як нафар ҳалок шуд. Боришоти зиёд ва лағжиши замин дар Панҷакент
Дар пайи боришоти зиёд ва лағжиши замин дар деҳаи Нофини деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент хонаи сокини деҳаи мазкур Ҷӯрақул Холиқов чаппа шуда, бародарзодааш Комилҷон Холиқови 14-сола зери бому девор монда, ҷон бохтааст.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, дар ин ҳодисаи нохуш писари соҳибхона Холиқов Шукрулло ҷароҳати сабук бардоштааст.
Афзуда мешавад, ки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба деҳаи Нофин рафта, ба аҳли оилаи навраси фавтида изҳори ҳамдардӣ намуд.
Манбаъ меафзояд, ки ба оилаи зарардида кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуд.
“Дар суҳбат бо сокинони деҳа изҳор шуд, ки дар чунин ҳолатҳо бо дастури Роҳбарияти олии кишвар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар паҳлӯи онҳо қарор мегирад ва барои бартараф намудани оқибати ҳодисаи нохуши табиӣ тадбирҳои амалӣ меандешад”, - зирк мегардад дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад