Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Масъалаи таълиму тарбия ва сифати таҳсилот баррасӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12 солаи таълим” баргузор гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниро муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаҳои бамиёнгузошташуда воқеан барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳаммияти калидӣ доранд.
“Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд”, - гуфтааст мавсуф.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур Каримзода Ҷамшед, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ваъзи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар, инчунин, тадбирҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва чораҳои ҳамкории байниидоравӣ андешаронӣ намудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”