Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон таҳдиде барои музокироти оташбас миёни Амрико ва Эрон
Дар пайи ташдиди ҳамлаҳои ҳавоии режими Исроил ба Лубнон, нигарониҳо дар бораи ба бунбаст расидани музокироти оташбас миёни Амрико ва Эрон афзоиш ёфтааст.
“Ал-Ҷазира” рӯзи ҷумъа, 10-уми апрел гузориш дод, ки Исроил рӯзи чоршанбе бо анҷоми мавҷи густурдае аз ҳамлаҳо дар минтақаҳои мухталифи Лубнон, беш аз 300 танро кушта ва дастикам 1150 тани дигарро захмӣ кардааст.
Тедрос Аданом Гебреисус, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз Исроил хостааст дастури тахлияи иҷбории ду шифохонаи муҳим дар Бейрутро лағв кунад ва ҳушдор дода, ки системаи тандурустии Лубнон дар пайи афзоиши талафоти ғайринизомиён бо фишори шадид мувоҷеҳ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, гуфта, ки агар Амрико ба Исроил иҷоза диҳад, бо идомаи ҳамлаҳо «дипломатияро аз байн бибарад», ин тасмиме аст, ки паёмадҳои сангине барои Вашингтон хоҳад дошт.
Ӯ афзуда, ки Эрон ин иқдомро «нодуруст» медонад, аммо барои он омода аст.
Аз сӯи дигар, Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, эълом карда, ки дастури оғози музокироти мустақим бо Лубнон содир шудааст, дар ҳоле ки мақомҳои дифоии Исроил таъкид кардаанд ҷанг мутаваққиф нахоҳад шуд.
Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки қарор аст Амрико ва Эрон барои анҷоми музокирот дар Покистон дидор кунанд ва ҳамзамон дархостҳо барои густариши оташбас ба даргирӣ миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”