Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
AMSO: Толибон расонаҳои дохили Афғонистонро ба абзори таблиғотии худ табдил кардаанд
Созмони ҳимоят аз расонаҳои Афғонистон (AMSO) эълом карда, ки Толибон бо ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои густурда, расонаҳоро аз ниҳодҳои иттилоърасонӣ ба абзори таблиғотӣ табдил кардаанд.
Ин созмон рӯзи панҷшанбе, 9-уми апрел гузориш дода, ки бар асоси мусоҳиба бо хабарнигорон дар чанд вилояти Афғонистон, фишор бар расонаҳо ва хабарнигорон дар моҳи гузашта ба болотарин сатҳи худ расида ва ҷараёни озоди иттилоот амалан аз байн рафтааст.
Дар гузориши АМСО омада аст, ки сензураи шадиди рӯйдодҳои амниятӣ, иҷбори хабарнигорон ба нашри гузоришҳои таблиғотӣ, мамнуияти истифода аз бархе вожаҳо ва ҷилавгирӣ аз нашри иттилоот дар бораи талафоти гурӯҳи террористии Толибон, аз муҳимтарин намунаҳои ин фишорҳо аст.
Ин созмон мегӯяд, ки хабарнигорон дар бисёр ҳолатҳо маҷбур шудаанд гузоришҳое мунташир кунанд, ки ба таҳрики афкори умумӣ ё тақвияти ривояти Толибон сабаб шавад.
АМСО ҳамчунин, аз густариши маҳдудиятҳо бар пӯшиши мавзуъҳои марбут ба занон хабар дода ва навишта аст, ки дар вилоятҳои ҷанубӣ, ҳаргуна тамос ва мусоҳиба бо занон мамнуъ шудааст.
Илова бар ин, хабарнигорон иҷоза надоранд дар бораи омӯзиши духтарон савол бипурсанд ё дар сафҳаҳои шахсии худ муҳтавои ҳимоятӣ аз духтарон мунташир кунанд.
Бар асоси гузориш, ниҳодҳои амниятии Толибон фаъолиятҳои онлайни хабарнигоронро ба таври комил зери назар доранд ва ҳаргуна иртибот бо расонаҳо ва хабарнигорони хориҷ аз Афғонистон мамнуъ шудааст.
АМСО ҳушдор дода аст, ки идомаи ин вазъият сабаби яксавиясозии комили иттилоот ва фурӯпошии кори расонаҳо дар Афғонистон хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”