Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
841 ҳазору 43 кас. Дар кишвар шумораи нафақагирон кам шудааст
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи апрели соли равон шумораи нафақагирон ба 841 ҳазору 43 кас расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки аз шумораи нафақагирон 164 ҳазору 808 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳолати якуми апрели соли равон беш аз 1,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи андоз 104,1 дарсад таъмин ва ба буҷети Агентӣ 1 миллиарду 708,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 332,2 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Тибқи таҳлилҳо, қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 486,4 миллион сомониро ташкил карда, пурра иҷро гардид.
Зикр мегардад, ки талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 448,4 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбон дар як моҳ ба 87,7 миллион сомонӣ баробар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”