Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаҳои Исроил тайи 24 соати гузашта дар Лубнон 182 кушта барҷо гузошт
Лубнон эълом кардааст, ки тайи 24 соати гузашта, 182 тан дар пайи бомбборони Исроил бар Бейрут, пойтахти Лубнон, кушта ва 890 тани дигар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” рӯзи панҷшанбе, 9-уми апрел ин ҳамлаҳоро яке аз маргбортарин ҳамлаҳои рӯзҳои ахир дар Лубнон гузориш додааст.
Бар асоси гузориш, ин ҳамлаҳо пас аз тавофуқи оташбас миёни Эрон ва Амрико – Исроил анҷом шудааст, ки гуфта мешавад Лубнон низ дар он шомил будааст.
Тибқи гузориш, Исроил минтақаҳои серодам, марказҳои тиҷорӣ ва маҳалҳои маскуниро ҳадаф қарор додааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, гуфтаанд, ки Лубнон шомили оташбас намешавад ва ҷанги ҷудогонае алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷараён дорад.
Бо ин ҳол, Покистон, ки ин оташбасро миёнҷигарӣ кардааст, гуфтааст, Лубнон низ шомили оташбас мешавад.
Эрон ҳушдор додааст, ки агар Исроил ба Лубнон ҳамла кунад, аз оташбас хориҷ хоҳад шуд.
Дар гузориш омадааст, ки Исроил зарфи 10 дақиқа ба 100 ҳадаф ҳамла кардааст.
Тайи беш аз панҷ ҳафтаи ҷанг, 1 ҳазору 739 тан дар Лубнон кушта ва 5 ҳазору 873 тани дигар захмӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”