Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ба овоза ва ҳангомаҳои беасос бовар накунед”. Вазорати тандурустӣ ба паёми овозӣ ва видеоӣ вокуниш кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паёми овозӣ ва наворе, ки дар паёмрасони Вотсап паҳн гаштааст ва гӯё дар ноҳияи Фархор бар асари истеъмоли ҳабҳои “Албендазол”, ки аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ тақсим гардидааст, бархе хонандагон дар муассисаҳои тандурустӣ бо ҳолати вазнин бистарӣ гаштаанд, вокуниш кард.
Манбаъ меафзояд, ки масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳанд, ки дар ягон муассисаи тандурустии ноҳияи мазкур баъди истеъмоли “Албендазол” муроҷиате ба қайд гирифта нашудааст ва тақсими маводи болозикр тибқи тартиби муқарраргашта барои кӯдакону нарасони аз 7 то 14-сола дар муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад.
“Навори паҳншуда на дар ноҳияи Фархор, балки дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сабт гардида, нафари дар сабтшуда Тоҷова Фаришта, соли таваллудаш 09.06.2015, истиқоматкунандаи ҷамоати Даштигулу, деҳаи Тагноб мебошад. Ташхиси табибон муайян намуд, ки номбурда на дар натиҷаи истеъмоли доруи “Албендазол” дилбеҳузур ва якбора бемор шудааст, балки номбурда гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 будааст, ки омили асосии ин навъи диабети қанд ирсӣ мебошад”, - омадааст дар вокуниши Вазорати тандурустӣ.
Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки шаҳрвандон ба овоза ва ҳангомаҳои беасос нисбат ба хизматрасонии тиббӣ бовар накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”