Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Толибилми Мактаби байналмилалии президентӣ ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол–2025» шуд
Нушофарин Раҷабзода, хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол–2025» гардид.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол–2025» 6-уми ва 7-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» доир шуд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзи якуми озмун аз иштирокчиён корҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гирифта шуд. Дар рӯзи дуюми озмун бошад, ба дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявии хонандагон баҳо гузошта шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ғолиби Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол–2025» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”