Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори Кумитаи дин: "Ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунед"
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти, гуфт, ки афроде барои ба даст овардани манфиати молӣ гурӯҳе аз шаҳрвандонро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдаву сарсон кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳоло гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати кишвари мо дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои баргаштан ба Ватан кумак мехоҳанд.
"Ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ шаҳрвандонро бовар кунонидаанд, ки барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба онҳо кумак менамоянд. Дар ҳоле, ки бейҷикҳо аслан қувваи ҳуқуқӣ надошта, ҳеҷ гуна кафолати будубоши қонунӣ дар мавсими ҳаҷро дода наметавонанд", - омадааст дар изҳорот.
Илова мегардад, ки адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ танҳо дар асоси тартиботи расмии муайяншуда ва тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ имконпазир мебошад.
Дар ин росто, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунанд, зеро тибқи талаботи Вазорати ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ кайҳо анҷом ёфтааст ва пас аз ин ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”