Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баёнияи Шурои Олии амнияти миллии Эрон дар бораи пазируфтани шартҳои Эрон аз сӯи Амрико
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”-и Эрон Шурои Олии амнияти миллии ин кишвар дар бораи пазируфтани шартҳои Эрон аз сӯи Амрико баёнияе мунташир кард.
Дар ин баёния, ки субҳи имрӯз, 8-уми апрел нашр шуд, гуфта мешавад, ки Амрико дар ҷанги ноҷавонмардона, ғайриқонунӣ ва ҷинояткоронаи худ алайҳи миллати Эрон дучори шикасти ғайриқобили инкор ва таърихӣ шудааст.
“Эрон ба як пирӯзии азим даст пайдо кард ва Амрикои ҷинояткорро маҷбур ба пазируфтани тарҳи 10-моддаии худ намуд” – омодааст дар ин баёния.
Дар ин баёния ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истиқрори назорати Эрон бар тангаи Ҳурмуз, пазируфтани ғанисозӣ, рафъи ҳамаи таҳримҳои ҷорӣ ва баъдӣ ва ғайра аз ҷониби Амрико пазируфта шудааст: “Ин пирӯзиро ба ҳамаи мардуми Эрон табрик мегӯем ва таъкид мекунем, ки ҳанӯз то ниҳоӣ шудани ҷузъиёти ин пирӯзӣ, ниёз ба истиқомат ва тадбири масъулон ва ҳифзи ваҳдат ва ҳамбастагии мардуми Эрон вуҷуд дорад”.
Дар қисмати дигари баёния омадааст: “Миллати шарифи Эрон бояд бидонанд ба баракати кӯшиши фарзандон ва ҳузури таърихии онҳо дар саҳна, душман беш аз як моҳ аст, ки барои таваққуфи оташи сангини Эрон ва муқовимат илтимос мекунад, аммо масъулони кишвар ба ин далел, ки аз ҳамон оғоз тасмим гирифта шуда буд, ҷанг то таҳаққуқи ҳадафҳо, аз ҷумла пушаймон ва бечора шудани душман ва рафъи таҳдиди дарозмуддат аз кишвар идома пайдо кунад, ба ҳамаи ин дархостҳо посухи манфӣ доданд ва ҷанг то имрӯз, ки рӯзи чиҳилум аст, идома пайдо кард. Ҳамчунин, Эрон то кунун чандин бор зарбулаҷалҳои ироашуда аз сӯи раиси ҷумҳури Амрикоро рад карда ва ҳамчунон таъкид мекунад ҳеч аҳамияте барои ҳеч навъи зарбулаҷал аз ҷониби душман қоил нест”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”