Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муовини Рустами Эмомалӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ камбудиҳои ҷиддиро ошкор кард
Раӽмидин Саломзода, муовини раиси шаӽри Душанбе, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Фирӯз Ғафурзода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода аз ҳолати тозагагию санитарии воситаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт дидан карданд ва як қатор камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуданд.
Тавре ки «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад, муовини раиси шаҳри Душанбе дар робита ба камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону масъулони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт супориш дода, иброз намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта фавран бартараф карда шуда, ҳамарӯза қисмати дохилу беруни воситаҳои нақлиётро тоза карда ва раванди фаъолияти ронандагон дар хатсайрҳо пайваста мавриди назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки муовини раиси шаҳри Душанбе бо масъулин ва ронандагони нақлиёти мусофирбар ҷаласаи сайёр доир намуда, таъкид кардааст, ки бояд ҳар ронандаи нақлиёти мусофирбар ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонии хубу босифатро пешниҳод намоянд.
“Таъкид гардид, ки ронандагонро мебояд, пеш аз ҳама одоби муошират, реҷаи ҳаракат, сару либосӣ тавсияшуда, экипировкаи муайянгардида, сабқат накардан, таъмини ҳаракати бонизом ва бехатари воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва дигар талаботҳои мавҷудаи соҳаро қатъиян риоя намоянд, - омадааст дар иттилоияи «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”