27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
07.04.2026 12:03

Вазорати тандурустӣ барои шаҳрвандон хизматрасонии тиббии ройгон ташкил кардааст

6-уми апрел дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони мамлакат ба хизматрасонии тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.

Тавре ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 5600 нафар ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуда, инчунин, ба як қатор беморон ҷарроҳиҳои гаронарзиш, аз ҷумла дар самти ҷарроҳии дилу рагҳо, ҷарроҳӣ дар майнаи сар, ҷарроҳии чашм ба таври ройгон анҷом дода шуд.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯз, 7-уми апрел чорабинии мазкур дар ҳамаи муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардад.

Афзуда мешавад, ки пагоҳ, 8-уми апрел дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.

Дар ин росто, вазорат аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки дар рӯз ва вақти муайянгашта ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ рафта, хизматрасонии тиббии ройгон бигиранд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.