Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз 10 ҳазор хонандаи Душанбе ба имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шинос шуданд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои кишвар хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 10 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо имконияти таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз давлатҳои гуногун шинос гардиданд.
“Тибқи барномаи фестивал, дар нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзуи «Сифати таълим ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ватанӣ масъалаҳои муҳимми рушди таҳсилоти олӣ ва ҳамкории байналмилалиро баррасӣ намуданд”, - зикр мекунад манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-ум то 10-уми апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”