27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
06.04.2026 14:51

Намояндаи эронитабори Конгресси Амрико: “Трамп таҳдиде барои ҷаҳон аст”

Ёсамин Ансорӣ, намояндаи эронитабори Конгресси Амрико, дар пайи ҷиноятҳои ҷангӣ ва таҳдидҳо ва тавҳинҳои Доналд Трамп, президенти ин кишвар гуфт, ки ӯ таҳдиди амнияти миллӣ барои Иёлоти Муттаҳида ва тамоми ҷаҳон аст.

Ин намояндаи Конгресс аз тағйири 25-уми Қонуни асосии Амрикоро чунин ёдоварӣ кард: “Агар муовини раиси ҷумҳур ва аксарияти вазирони кобина ба ин натиҷа бирасанд, ки раиси ҷумҳур қодир ба анҷоми уҳдадорӣ ва вазифаҳои худ нест, онҳо метавонанд ин масъаларо ба таври хаттӣ ба раҳбарони Конгресси Амрико ирсол кунанд. Пас аз ин, муовини раиси ҷумҳур фавран сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ мешавад. Агар раиси ҷумҳур дар ин маврид ихтилофи назар дошта бошад, Конгресс бо ду се ҳиссаи овозҳои Маҷлиси намояндагон ва Сенат метавонад муовини раиси ҷумҳурро дар ин мақом нигоҳ дорад”.

Вай афзуд: “Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида як фарди ноустувор ва хатарнок аст ва таҳдиде барои амнияти миллии кишвари мо ва тамоми ҷаҳон ба шумор меравад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.