27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Қариб 30 ҳазор китоб барои намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми апрел дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар намоиш-фурӯш Муассисаи нашриявии «Адиб», Муассисаи нашриявии «Ирфон», Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таъминот ва савдои китоб» иштирок намуда, китобҳои худро пешкаш карданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷониби муассисаҳои нашриявӣ дар маҷмуъ, зиёда аз 400 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 30 ҳазор нусха ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.
"Қобили зикр аст, ки аз ин шумора 86 номгӯй китоб бо тарҳу муҳтавои нав, аз ҷумла “Авсофи Пешво”, Маҳбуби дилҳо”, “Бедилонро Бедилат дилдор кард”, “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Футуҳул булдон”, “Сандуқи афсона” ва ғ. бори нахуст ба дӯстдорони каломи бадеъ ва хонандагон барои харид пешкаш гардид", - меафзояд манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”