27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
04.04.2026 18:22

Малика Расулӣ: Ғолибиятамро подоши роҳнамоиҳои устодон ва заҳматҳои волидон медонам

Аз 23-юм то 28-уми март дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд. Дар ин озмуни фарҳангӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла навозандагии асбобҳои мардумӣ, фортепиано, сурудхонии мардумӣ, сурудхонии эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳорати худро нишон дода, ҳафт медал ба даст оварданд ва ҳайати Тоҷикистон миёни давлатҳои иштирокчӣ мақоми дуюмро ишғол намуд.

Малика Расулӣ, донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ягона намояндаи кишвари мост, ки дар номинатсияи санъати тасвирии Бозиҳои Делфӣ иштирок намуда, медали тиллоро ба даст овард.

Малика Расулӣ ба Dialog.tj дар бобати иштирок ва ғолибияташ дар Бозиҳои Делфӣ қисса кард.

- Дар бораи Бозиҳои Делфӣ аз устодонам маълумот гирифтам ва барои худро санҷидан, таҷриба гирифтан ва васеъ кардани ҷаҳонбиниам дар он иштирок кардам. Шартҳои иштирок дар озмун душвор набуданд. Пешакӣ аз мо як автопортрет ва натюрморт талаб карданд, ки мо тасвир карда, шакли электрониашонро фиристодем. Вақте ки қабул карданд, ба озмун даъват шудем, - сухан оғоз кард донишҷӯи тоҷик.

Малика Расулӣ мегӯяд, вақте ки тасмими иштирок дар Бозиҳои Делфиро гирифт, ҳам устодони донишкада ва ҳам аҳли оилааш хуб пазируфтанд.

- Устодон тавсия доданд, ки то қадри имкон ҳунару маҳоратамро ба ҷаҳониён нишон диҳам ва кӯшиш кунам, ки чизи наве омӯзам. Волидонам низ дар навбати худ бениҳоят хурсанд шуданд ва гуфтанд, ки аз ин имкон истифода намояму худро такмил диҳам, - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо қисса мекунад, ки дар озмун намояндагони зиёда аз даҳ давлат иштирок карда, ҳунару маҳораташонро нишон доданд. Дар баробари он ки иштирокчиён барои даъват шудан ба озмун ду тасвир пешниҳод карда буданд, дар ҷараёни он имтиҳон низ супурданд. Ба довталабон супориш шудааст, ки дар имтиҳон гӯшае аз ватани худро тасвир намоянд.

- Дар ҷараёни озмун ду рӯз имтиҳон супурдем. Ман маркази шаҳри Душанберо тасвир кардам, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва гирду атроф намоён буд. Ҳайати ҳакамон аввал ба расмҳое, ки иштирокчиён пешакӣ ба озмун пешниҳод намуда буданд, баҳо гузоштанд ва сипас, ба тасвире, ки дар имтиҳон омода шуда буд, баҳо доданд ва барои муайян кардани ғолибон ҳама баҳоҳоро ҷамъ карданд, - ба ёд меорад Малика.

Барандаи ҷойи якуми Бозиҳои Делфӣ дар номинатсияи санъати тасвирӣ мегӯяд, ба ғолибият ва ба даст овардани медали тилло бовар надошт.

- Агар гӯям, ки ба ғолиб шудан боварӣ доштам, дурӯғ мешавад. Аслан, бароям ғолибият муҳим набуд, зеро мақсади ман иштирок кардан, ҷаҳонбиниамро васеъ намудан, таҷриба андохтан, ба корҳои ҳамсолони худ шинос шудан буд, ки хушбахтона ин ҳама ба ман муяссар гардид. Албатта, умед доштам, ки шояд ягон ҷойи ифтихориро ба даст орам ва дипломи махсуси Бозиҳои Делфиро бигирам. Дар маросими ҷамъбастӣ вақте ки гирандагони дипломҳои махсусро эълон карданд ва номи ман набуд, фикр кардам, ки шояд ҷойе нагирифтам, вале вақте ки ному насаби маро гирифтанд ва ҷойи якумро эълон намуданд, хеле хурсанд шудам. Он лаҳзаро тасвир карда намешавад. Ин ғолибиятро подоши заҳматҳо, кӯшишҳо, омӯхтанҳо, ёрии омӯзгорон ва дастгирии аҳли оила медонам.

Малика Расулӣ меафзояд, ки Бозиҳои Делфӣ мукофоти молӣ надошт, аммо таҷриба ва идеяҳои зиёд гирифт.

- Ҳанӯз аз замоне ки ба кӯдакистон мерафтам, ба рассомӣ шавқ пайдо намудам ва расмҳои гуногун тасвир мекардам. Вақте ки дар синфи 10-11 мехондам, як муддат аз рассомӣ дур шудам, вале боз ин соҳаро интихоб кардам ва худамро ба рангҳову зебоиҳо бахшидам. Аз ҳама бештар тасвир кардани манзараро дӯст медорам, зеро ба ин васила метавонам гӯшаҳои зебову дилрабои Тоҷикистонро нишон диҳам, - гуфт ӯ.

Малика Расулӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ихтисоси дизайни костюм ва газвор таҳсил мекунад. Ният дорад, ки пас аз хатми зинаи бакалавриат, таҳсилашро дар зинаи магистратура давом диҳад ва дар оянда ҳамчун омӯзгор дар донишкадаи мазкур фаъолият намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.