Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе беш аз 623 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст
Бинобар иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳи соли гузашта ва баҳори имсол беш аз 623 ҳазор бех ниҳол шинонида шуда, инчунин миллионҳо адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола киштаву парвариш шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки корҳои болозикр бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 ба анҷом расонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки кабудизоркунӣ ва шинондани дарахт дар баробари ободонӣ ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар тамоми минтақаҳо ҷиҳати таъмини тозагӣ як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Масалан, баргузор кардани даҳҳо маротиба аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва тақвияти санҷишҳои назоратӣ барои пешгирии қонуншиканиҳо.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”