Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори Вазорати меҳнат: "Қаллобон зиёд шудаанд, эҳтиёт кунед!"
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри муроҷиатномае аз шаҳрвандон хост, ки аз қоллобон эҳтиёт кунанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба масъалаи дар хориҷи кишвар ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳолатҳои қаллобӣ афзоиш ёфта истодааст.
"Афроди қаллоб бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони Telegram ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯйё бо ҷойӣ кори хуб таъмин мекунанд, фиреб медиҳанд. Дар аввал суроғаҳои худро нишон медиҳанд, вале баъд аз гирифтани маблағ худро зуд бедарак месозанд ва ёфтани онҳо номумкин мешавад", - омадааст дар муроҷиатномаи вазорат.
Вазорат таъкид мекунад, ки ҳадафи асосии қоллобон ба даст овардани маблағ аст. Дар натиҷаи бо онҳо ҳамкорӣ кардан шаҳрвандон дар баробари аз даст додани маблағ, ҳуҷҷатҳояшонро нобуд мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки қаллобон одатан ваъдаи маоши баланд, омода намудани ҳуҷҷатҳо дар муддати кӯтоҳ ва ба даст овардани раводидро медиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”