Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон системаи VAR ва технологияи хати офсайди виртуалӣ харид
Бинобар иттилои Федератсияи футболи кишвар, Лигаи футболи мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сифати доварӣ ва таъмини ҳадди аксари шаффофият дар қабули қарорҳои доварон системаи иловагии VAR ва технологияи хати офсайди виртуалиро харидорӣ кард.
Манбаъ меафзояд, ки таҷҳизот аз ширкати чинии «Rigour Tech», ки соҳиби сертификати Федератсияи байналмилалии футбол мебошад, дастрас гардид.
Гуфта мешавад, ки дар маросими муаррифӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, сардори Раёсати доварони Федератсия Рустам Абдуллоев, инчунин довароне, ки дар мавсими 2026 дар лигаҳои олӣ ва якуми кишвар фаъолият мекунанд, иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ имкониятҳои системаи нав низ ба намоиш гузошта шуданд.
Қобили зикр аст, ки технологияҳои нав аз даври сеюми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон-2026 мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”