Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Гӯштингирон аз 25 давлати ҷаҳон дар “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” иштирок мекунанд
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, мусобиқаи мазкур 5-уми апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” доир мегардад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур мардон аз рӯйи вазнҳои то 65 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг ва занон дар вазни то 70 кг бо ҳам рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” гӯштингирон аз 25 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Зикр мегардад, ки ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм соҳиби 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”