Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имкон барои довталабон. Намояндагони 60 донишгоҳи хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд
Аз 6-ум то 10-уми апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» доир гашта, дар он зиёда аз 60 донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ кишвар иштирок менамоянд.
Манбаъ меафзояд, ки дар фестивал довталабон имкон доранд бо намояндагони донишгоҳҳо суҳбат намуда, дар бораи барномаҳои таҳсил ва стипендияҳо маълумоти дақиқ гиранд.
Гуфта мешавад, ки ҷавонони тоҷик дар Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура маълумоти муфассал пайдо мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷадвали баргузории фестивал чунин аст: 6-ум ва 7-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе», 8-уми апрел дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, ва 10-уми апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”