Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ 54,3 фоизи нақша иҷро шуд
Тибқи иттилои раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3 фоиз иҷро шуд.
Манбаъ меафзояд, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш дода, ҳамзамон вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
“Масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд”, - зикр мешавад дар иттилоя.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”