Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Украина аз кумаки 20 миллион доллари Канада барои бозсозии бахши энергетикии ин кишвар хабар дод
Мақомоти Украина эълом карданд, ки аз Оттава барои бозсозии бахши энергетикии худ 20 миллион доллар кумаки молӣ дарёфт хоҳанд кард.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи панҷшанбе, 2-уми апрел гузориш дода, ки ин кумаки молӣ бо ҳадафи ҳимоят аз бозсозии зерсохтҳои энергетикии Украина ва тақвияти тавони тавлиди барқ дар ин кишвар ироа мешавад.
Юлия Свириденко, нахуствазири Украина, гуфтааст: “Аз ҳимояти мустаҳками Канада қадрдонӣ мекунем ва аз кумаки 20 миллион долларии ахир ба хазинаи ҳимояти энергетикии Украина истиқбол мекунем”.
Украина аз охири соли 2025 бо мушкилоти ҷиддӣ дар таъмини барқ мувоҷеҳ будааст ва иллати ин мушкилот, шароити шадиди обу ҳаво ва хисороти густарда ба зерсохтҳои энергетикӣ эълом шудааст.
Дар бисёре аз минтақаҳо қатъи барқи чандсоатаи рӯзона ҳамчунон идома дорад ва давлати Украина вазъияти изтирорӣ дар бахши энергетикии ин кишвар эълом кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”