Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» як ҳафта давом мекунад
Имрӯз, 2-юми апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар оғоз мегардад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юм то 9-уми апрел доир мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» намоиши китобҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон дар назар аст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар фестивали мазкур озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан нурест андар чашми ҷонам», беҳтарин қироати шеър, таҳти унвони «Сухан-ҷавҳари хирад» ва озмунҳои «Хонандаи фаъол», «Ҳунар-оинаи дил», «Олам сухани Камол бигрифт…» бахшида ба 705-солагии Камол Хуҷандӣ баргузор мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”