Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Душанбенаклиётхадамотрасон”: “Аз хизматрасонии таксиҳои 10-сомона истифода накунед”
Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” бо нашри як муроҷиатнома аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хост, ки аз хизматрасонии ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ба таври ғайрирасмӣ (ба истилоҳ таксиҳои 10-сомона дар назар аст) истифода накунанд.
Манбаъ меафзояд, ки ин сокинону меҳмонон ба хотири пешгири намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз хизматрасонии нақлиёти автомобилии кироякаш (таксӣ)-и рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангаш зард истифода намоянд.
“Фаъолияти воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ)-и ширкатҳои нақлиётии шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботҳои мавҷудаи соҳа буда, пайваста ронандагони он аз муоинаи тиббӣ ва воситаҳои нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузашта, доир ба таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар дохили воситаҳои нақлиёт камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, тавассути таҷҳизоти GPS раванди хизматрасонии ронандагон пайваста мавриди назорат қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”