Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Субҳон Ҷалилов: Барномаи “Аудиокитоб” бештар аз як лоиҳаи тиҷоратӣ аст
Журналисти саршиноси тоҷик Субҳон Ҷалилов муддатест, ки дар радиои “Азия+” барномаи "Аудиокитоб бо Субҳон"-ро роҳандозӣ кардааст. Дар доираи барномаи мазкур осори беҳтарини адибони классику муосир тариқи аудиоӣ пешниҳод мегарданд.
Дар ин росто, Dialog.tj бо мавсуф доир ба рисолату вазифа ва таъсири ин барномаи маърифатӣ суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
- Идеяи "Аудиокитоб бо Субҳон" чӣ гуна пайдо шуд?
- Хеле пештар дар ҷойи кори қаблиам ҳамин гуна гуфтори дигарро таҳия мекардам, ки “Гулбоғи сухан” ном дошт. Он ҷо ҳам шумори зиёди китобҳои арзандаро пеши микрофон хонда, сабт карда будам. Ин лоиҳаҳо ҳамеша барои ман ҷолиб, муфид ва омӯзанда буданд. Зеро аввалтар аз ҳама, ҳамон китобҳое, ки худам ягон вақт нахонда будам, бо баҳонаи ин гуфтор онҳоро хондам. Баъди идомаи фаъолият дар радиои “Азия+” бо дастгирӣ ва таҳрики роҳбарияти ин гурӯҳи расонаҳо лоиҳаи “Аудиокитоб” роҳандозӣ карда шуд. Ин ҷо ба аудиокитоб таваҷҷӯҳи хосса аст. Хуб дарк мекунанд, ки бо ин тартиб мо метавонем барои болобурди завқу фарҳанги мардум мусоидат намуда, шавқи доираи васеи шунавандаҳоро ба китоб, мутолиа ва асарҳои ҷолиби нависандагони классику муосир, муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ бедор кунем. Маҳз бо дастгирӣ ва ташвиқи муассис ва роҳбарияти гурӯҳи расонаҳо ин гуфторҳо дар беҳтарин вақту соати рӯз – дар бомдод, баъди зуҳр ва баъди шом барои шунавандаҳои радио пешниҳод гардида, ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд.
- Дар аввал аз пешниҳоди ин барнома чӣ интизориҳо доштед ва оё дар ин муддат онҳо бароварда шуданд?
- Дар радиоҳои тиҷоратӣ ҳамеша интизоранд, ки дилхоҳ лоиҳа, ки барои татбиқаш вақту заҳмату талош ва қувваи зеҳнӣ сарф мешавад, сарпараст пайдо кунанд. Аммо на ҳамеша ин интизорӣ бароварда мешавад. Фазои имрӯзи радио ва телевизиони мо ҳамин гуна аст, ки ҳатто сарватмандтаринҳо ҳам барои гуфторҳои адабиву фарҳангӣ, мисли қироати асарҳои нависандагони бузурги дунё, ба гуфторҳои кӯдакона ва мисли ин сармоягузорӣ намекунанд ё хеле кам ин корро анҷом медиҳанд. Ҳарчанд, ҳамин чанд самте, ки ишора шуд, бояд авлавият дошта бошаду афзалият дониста шавад. Ҳоло тамоми харҷи ин лоиҳаро гурӯҳи расонаҳои “Азия+” ба дӯш дорад ва талош мекунад, ки ин кор қатъ нашавад. Чунки мо аллакай шунавандаи худро дар ин гуфторҳо дорем, тавонистаем доираи васеи мардумро ба ин барнома ҷалб кунем, паёмҳои ҷолибу таҳрикдиҳанда мегирем ва ин лоиҳаи ҷолибро идома хоҳем дод.
- То ҳол ҳикоёт ва ҳикматҳо аз "Маснавии маънавӣ", "Вопасин афсона"-и Иноят Насриддин, чанд ҳикояи Абдулҳамид Самад, ҳикояҳои Чехов, осори Юнус Юсуфӣ, романи таърихии “Куруши Кабир. Шоҳаншоҳи тамаддуновар” аз Бароти Абдураҳмон ва "Таърихи инқилоби Бухоро"-и устод Айниро аудиоӣ кардед. Бигӯед, ки чӣ гунна ва аз рӯйи кадом меъёрҳо китобҳоро интихоб мекунед?
- Дар ин масъала ҳеҷ талаботи ҳатмие нест. Чунки адабиёти мо ва хазинаи адабии ҷаҳон намунаи беҳтарин асарҳоро дар худ дорад, ки ҳар кадоми он ҳатман шунаванда доранд ва таваҷҷӯҳ ба онҳо зиёд аст. Мо талош мекунем, ки агар ҳоло романе аз муаллифӣ ватанӣ хонда истода бошем, баъди он чизе аз адабиёти ҷаҳонӣ қироат кунем, агар як асар бадеӣ буд, дар идома кадом романи таърихӣ қироат шавад, агар як асар барои кӯдакон аст, дигарӣ кадом асари илмӣ-оммавӣ бошад. Мо ҳамин гуна таҷриба ҳам дорем, ки дар баробари нигоҳу назари роҳбарият, асари ояндаро аз шунавандаҳои радио ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсон мешавем. Инчунин, аз чанд устоде, ки ба гуфторҳои мо таваҷҷӯҳ доранд, маслиҳат мепурсем. Тамоми китобу асарҳое, ки мо то имрӯз хондаем, ҷолибу омӯзанда, бо назардошти мавқеъ ва манфиати миллату кишвар буда, шавқовар ҳастанду мардумро ба андеша водор мекунанд.
- Чаро маҳз аз "Маснавии маънавӣ" оғоз кардед?
- Ин ба таҷлили 815-солагии мавлуди Мавлоно дар Порис рост омада буд. Ин асар миёни мардуми мо ҳаводори зиёде дорад ва дар ин росто махсус як варианти хеле ҷолибу фаҳмову шавқоварро интихоб карда, қироат карда будем. Ногуфта намонад, ки он таълифи Алии Шервонӣ ва таҳияи китоб кору заҳмати устод Шодӣ Шокирзода буд.
- Дар бораи "Вопасин афсона" ва осори Юнус Юсуфӣ чӣ гуна шарҳҳо гирифтед, оё шунавандаи доимии худро пайдо карданд?
- Мо як роман ва чандин ҳикояи нависандаи халқии Тоҷикистон Юнус Юсуфиро қироат намуда, дар шакли аудиокитоб пешниҳоди шунавандагон кардем. Услуби нигорандагии устод хеле ҷолибу равону фаҳмо аст ва ҳаводори бешумор дорад. Мавзуоти меҳварии асарҳои эшон ҳам муҳиму омӯзандаву таҳрикдиҳанда ҳастанд. Нигоҳи худи Юнус Юсуфӣ ҳам нисбат ба ин гуфторҳо ва қироати асарҳояшон аз ҷониби мо неку самимӣ буд ва аз он кас миннатдор ҳастем. Бояд қайд кунам, ки ҳамин асарҳо баъди қироат шудан таваҷҷӯҳи чанд коргардони синамои миллиро ҳам ба худ ҷалб карда буд. Мо атрофи филмҳо дар асоси ин ва боз чандин асаре, ки маҳз дар доираи лоиҳаи “Аудиокитоб” аз радиои “Азия+” пешниҳод гаштаанд, бо чанд тан аз коргардонҳо, масалан бо Муҳаммадрабии Исмоил, саркоргардони Телевизиони “Синамо” суҳбатҳое ҳам доштем.
- Ҳоло ба таҳияи аудиоии "Таърихи инқилоби Бухоро" машғулед. Чӣ сабаб шуд, ки дар рӯйхат ин китоби таърихӣ ворид гардид?
- Агар мо фақат як намунаи асарҳо, як жанри адабӣ ва як гурӯҳи муаллифонро интихоб кунем, барои доираи васеи шунавандагон ҷолиб намешавад, ҳатто шояд андаке дилбазан ҳам шавад. Аз ин рӯ, мо ҳам жанр, ҳам мусиқиву ороиши гуфтор, ҳам муаллифонро пайваста иваз мекунем. Вақту соати он гуфторҳо ҳам бо назардошти муҳтавои асар интихоб карда мешавад. Агар аҳамият дода бошед, дар ҷойгиркунии ин гуфторҳо ҳам дар радио ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин принсипро риоя мекунем. Масалан, ҳоло дар эфири радио романи таърихии “Куруши кабир. Шоҳаншоҳи таманддуновар”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмонро қироат карда истодаем. Ҳамзамон, дар телеграмм қироати асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и устод Айнӣ давом дорад. Дар саҳифаи ютубии “Азия+” бошад, сабти “Маснавии маънавӣ” идома дорад.
- Шумо асарҳо, ҳатто ҳикояҳоро ба қисматҳо тақсим карда, нашр мекунед. Бигӯед, ки дар як вақт чанд дақиқа ё саҳифа мехонед?
- Завқи мардум, муҳтавои асар, давомнокии он ва баъзе талаботу шарти дигарро ба инобат мегирем. Масалан, агар он ҳикоёти хурд бошад, дар як гуфтор ҳатман як ҳикояро ҷойгир мекунем. Он метавонад аз 2 то 10 дақиқаро фаро бигирад. Вале агар он повесту роман аст, мо бо назардошти муҳтавои асар ва талаботи шунаванда вақтро муқаррар мекунем. Яке аз шартҳои асосӣ ҳамин аст, ки шунавандагон бояд дар аввали ин гуфтор чанд ҷумларо аз гуфтори қаблӣ шунаванд, ҳодиса ва ҷойи қатъ шудани асарро ба ёд ораданд ва баъд мо давом бидиҳем. Барои ҳамин, тамоми гуфторҳои мо рақам, соати мушаххаси пахш ва соати муқарраршудаи пахши такрорӣ доранд. Тартиби қироати он ҳам ҷолиб аст. Ман китобро пеши микрофон мехонам ва аксар вақт коргардони мо онҳоро тадвин ва банду баст мекунад. Баъзан асарҳо ба ин ҳад ҷолибу шавқоваранд, ки ман бо як нафас то 12-15 нашр (шояд ҳар нашраш то 10 дақиқа бошад) қироат мекунам.
- Барои як асарро аз китоб ба аудио табдил додан чӣ қадар вақт ва заҳмат сарф мешавад?
- Ин аз ҳаҷми асар, муҳтаво, мазмуну мундариҷаи он ва завқу хоҳиши қироаткунанда вобаста аст. Китобҳое ҳастанд, ки қироати онҳо то 3-4 моҳ тӯл мекашад. Асосан ин гуфторҳоро рӯзҳои истироҳат қироат мекунам. Ин заҳмати каму кори осон нест. Вале андешаи он, ки шумо бо ин кор як каме барои ғанӣ сохтани бунёди луғавии мардум, барои таҳрик додани онҳо ба китобу адабиёт ва илму дониш саҳмгузорӣ мекунед, шуморо бетараф намегузорад. Илова бар ин, дар замоне ки мардум вақти кам дораду ташвиши бештар, аудикитоб як воситаи беминнат барои гӯш кардани асарҳои беҳтарин аст. Агар худатон он асарро мехонед, ҳаловату манфиати зиёдтареро меёбед, вале шунидани он ҳам ба манифат аст. Мо ин гуфторҳоро барои оммаи васеъ, махсусан донишҷӯён, барои онҳое, ки мехоҳанд забони давлатиро аз худ кунанд, барои онҳое, ки мехоҳанд бо намунаи беҳтарини асарҳои адабиву илмиву оммавӣ шинос шаванд, пешниҳод мекунем.
- Маълум аст, ҳоло китобҳои аудиоӣ дар кишвари мо шунавандаи кам доранд. Бигӯед, ки бозор чӣ гунна аст, оё аз ин ҳисоб фоидаи моддӣ ба даст овардан мумкин аст?
- Қироати китобҳо ва асарҳои беҳтарин дар радиои миллӣ чизи нав нест. Хазинаи тиллоии радиои тоҷик пур аз ҳамин гуна аудиокитобҳо аст. Мо ҳоло онро на ҳамчун лоиҳае, ки фақат барои пул аст, амалӣ карда истодаем, балки он бештар аз як лоиҳаи тиҷоратӣ аст. Он рисолати инсонии мо, як зарра саҳми мову ҳамкорони мо барои ояндаи дурахшони миллат ва китобхону китобдӯст кардани мардум аст. Аз сӯйи дигар бошад, ман фикр мекунам, ҳоло, ки таваҷҷӯҳи сарпарастону пулдорон ва соҳибони тиҷорату истеҳсолот ба аудиокитобҳо (ҳамчунин, ба барномаву гуфторҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ, кӯдакона ва мисли ин) камтар аст, сарпарастии он бояд аз кадом ҳисобу хазинаи дигаре амалӣ шавад, шояд дар буҷа барои ин маблағи кофӣ ва зиёдтар ҷудо шавад ва онҳое, ки ризокорона ин гуна лоиҳаҳоро амалӣ мекунанд, ҳавасманд карда шаванд.
- Китобхонӣ барои худ аз китобхонӣ барои аудиоӣ кардану ба ҷомеа пешниҳод намудан чӣ фарқ дорад?
- Агар барои худатон мехонед, ҳар вақт хоҳиш пайдо шуд, ин корро мекунед, вале агар тариқи радио барои мардум мехонед, бояд масъулияти бештар дошта бошед. Чун ҷадвали гуфторҳо мушаххас аст, вақти гуфтор аниқ аст ва барои шунаванда муҳим нест, ки бо шумо чӣ ҳодиса рӯх додааст ва чаро шумо завқу хоҳиши қироатро надоред. Шумо уҳдадор ҳастед, ки дар соати мушаххас гуфтори навро пешниҳод мекунед. Агар барои мардум мехонед ва умедворед, ки онҳо баъди сари шумо ҳам солиёни зиёд дар хазинаҳои радиоӣ маҳфуз бошанд, пас бояд бо сифати олӣ, мазмунан баланд, аз ҷиҳати қироату ороиш касбӣ ва бо риояи тамоми талаботи мавҷуда сабту таҳия ва банду баст шаванд.
- Метавон гуфт, ки аудиокитоб одамонро ба китобхонӣ бармегардонад?
- Китобхону донишманду донишҷӯ аслан аз гирду гӯшаи китобхонаву китобу дониш дур нарафтааст ва намеравад. Вақти кам дорад, пули кам дорад, мушкили зиёд дорад, вале мехонад, китоб мехарад, роҳи дигареро барои ба даст овардани адабиёти заруриаш ҷуставу пайдо мекунад... Аммо, онеро, ки дар умраш як китоб ба даст нагирифтааст, садои саҳифаи китоб дар дилаш завқи мутолиаро бедор накардааст ва лаззати мутолиаро намедонад, сари мизи китобхонӣ овардан амрест муҳол. Одамон бе радиову телевизион ҳам бояд ба китоб рӯ оранд, китоб бихаранд, ба фарзандон китоб тақдим кунанд, дар як гӯшаи он соядаст гузоранд ва онро барои наздиконашон ташвиқ кунанд.
- Шумо аз ҷумлаи журналистони саршиноси кишвар ҳастед, ки доимо бо китобу китобхонӣ, тарғиби китоб ва китобнависӣ машғул ҳастед. Бигӯед, ки меҳри китоб аз кай дар шумо пайдо шудааст?
- Фазои мактабу хонаву кӯчаҳои кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониҳои мо адабиву фарҳангӣ буд. Ёдам ҳаст, ки вақти синфи як будам, бар ивази як гулдастаи хоксоронае, ки аз гулҳои ҳавлии кадом ҳамсояамон буду онро рӯзи занги охир ба як духтари синфи 10, хатмкунандаи ҳамон сол тақдим кардам, як бағал китоб тӯҳфа гирифтам. Ҳатто дар кӯчаҳо, вақти холӣ бозиҳои мо мисли намунаи “Бустон”-и ҳамон вақт машҳур печида ба шеъру рубоиву қироат буд. Ҳамон зани китобхоначии мактаб аввалтар аз ҳама худаш тамоми китобҳои он китобхонаи хоксоронаро хонда буду тамоми ҳодисаҳо, рӯйдод ва саргузашти қаҳрамонҳоро медонисту дар хотир дошт ва намешуд, ки ӯро фиреб кунӣ ва гӯйӣ, ки ман ин китобро пурра хондам. Бобои Абдулҳақ бо як мотороллери хурдакаки “Муравей” қариб ҳар рӯз қуттиҳои почтаи танаи симчӯб ва танаи девори кӯчаҳои моро пури рӯзномаву маҷалла мекард ва мо, ки обуна шуда будем, бо завқ онҳоро мехондем. Аммо мо ба насли имрӯз бо ҳавас назар мекунем. Чун ки, онҳо сад карат бештар аз мо имкон ва шароити зиндагиву кору эҷод доранд. Фақат хоҳиши бештар, ғурури миллӣ, хастагинопазирӣ, садоқати бештар ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси худшиносии комил, ифтихор аз гузаштаи бузург ва эътимоду бовариву талош ба ояндаи боз ҳам дурахшон зарур аст.
- Мо аз камхонӣ бисёр шикоят мекунем, оё шикоят роҳи ҳал аст ё роҳи дигаре вуҷуд дорад?
- Чанд вақти охир барои таблиғу ташвиқи китоб ва китобхонӣ бо роҳи озмунҳои гуногун ва ҷудо шудани миллионҳо сомонӣ корҳои хубе анҷом дода мешавад. Таҳрик барои ҷалби бештари мардуми сину соли гуногун ба китоб ҳаст, намоишгоҳҳои китоби мо пуропури мардуми фарҳангиву китобдӯст аст, намунаи асарҳои беҳтарин аз адабиёти ҷаҳон ва аз муаллифони гуногун тарҷума ва нашр мешаванд. Мисли он, ки дору фақат баъди як муддати ҳал шуданаш дар ҷисм натиҷаи хуб ба бор меорад, ин иқдомҳо ҳам ҳатман дар ояндаи наздик натиҷаи хубе медиҳанд. Боз ҳам беҳтар мебуд, агар ноширону воридкунандагони китоб ва китобфурӯшиҳо молиёти камтар мепардохтанд ё лоақал барои як муддат аз пардохти молиёт озод мешуданд, беҳтарин намунаи асарҳо баъди чопи аввалашон дар кӯтоҳтарин муддат ба забони тоҷикӣ ва хатти кирилӣ баргардон мешуданду барои мардум дастрас мегаштанд, соҳибкору сарпарастоне, ки таҳияи аудиокитобҳо ва барномаҳои фарҳангиву адабиро ба дӯш мегиранд, бо роҳи камтар кардани андозҳояшон ҳавасманд карда мешуданд, дар рӯзҳои таваллуду тӯй тақдими китобҳо муд мегашт, вохӯрии муаллифони асарҳо ва мухлисонашон баъди як муддати чопи китоб дар толори муайяне ройгон ва бе таку дави зиёд сурат мегирифт, радио ва телевизионҳо барои таҳияи аудио ва видео-китоб ва ташвиқи китобхонӣ беҳтарин кормандони худро вазифадор мекарданд, беҳтарин намунаи асарҳо ва китобҳо дар ҳама радио, телевизион ва саҳифаҳои интернетӣ ҷойгир карда мешуданд, аудиокитобҳо тариқи баландгӯяки боғҳои истироҳатӣ лоақал ҳафтае як ду карат ба қавли мардум “чени гӯш” дар соатҳои муайян садо медоданд.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”